Дар Душанбе форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оғоз меёбад

Октябрь 13, 2016 14:44

Душанбе, 13.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Панҷумин форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Дар робита ба ин Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия шаби гузашта бо сафари расмӣ бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ ба Душанбе омад.
Интизор меравад, ки дар Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия масъалаҳои муҳими тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ гарданд.
Бояд тазаккур дод, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Октябрь 13, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид