Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Чин бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин ғалабаи худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки дар Баҳрайн идома дорад, ба даст овард. Дар бозии дуюми худ дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн футболбозони мо бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ баъди зарбаи ҷаримавӣ Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро кушод. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум Нуриддин Ҳамроқулов тӯби ба сӯяш партофтаи Эҳсони Панҷшанберо бо зарбаи сар вориди дарвозаи футболбозони Чин гардонд. Дар натиҷа футболбозони тоҷик дар силсилаи ин рақобатҳо соҳиби се имтиёз гаштанд ва акнун 21 октябр бо дастаи мунтахаби Австралия қувва меозмоянд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ дастаҳои Австралия ва Ӯзбекистон бо ҳам вохӯрданд. Дар бозӣ футболбозони ӯзбек бо ҳисоби 3 бар 2 ғолиб омада, бе назардошти бозии охиринашон бо тими мунтахаби Чин ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Акнун рӯзи 21 октябр дар вохӯрии асосии ҳалкунанда барои роҳхати дуюм аз гурӯҳи «Д» дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия вориди майдон мешаванд. Натиҷаи мусовӣ барои ба даври чорякниҳоӣ роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кофӣ аст. Дар ин рӯз футболбозони Ӯзбекистон бо Чин қувва месанҷанд.
Ёдрас мешавем, ки дар бозии нахустин дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуда буд.
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | |
| Ӯзбекистон | 2 | 2 | 0 | 0 | 5-3 | 6 |
| ТОҶИКИСТОН | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
| Австралия | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-3 | 3 |
| Чин | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-3 | 0 |








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






