«Шабе дур аз Ватан» имрӯз дар ҷашнвораи байналмилалии «Қазоқистон- қалби АвруОсиё» намоиш дода мешавад
Душанбе, 26.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Намоишномаи «Шабе дур аз Ватан» -и Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов имрӯз дар 6-умин ҷашнвораи байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Қазоқистон- қалби АвруОсиё» намоиш дода мешавад.
Ин ҷашнвораи байналмилалӣ дар шаҳри Талдиқурғони Ҷумҳурии Қазоқистон 22 октябр ба кор шурӯъ карда, тибқи барномаи ҷашнвора «Шабе дур аз Ватан» имрӯз соати 15: 00 дар театри шаҳри Талдиқурғон ба намоиш гузошта шудааст.
Ин ҷашнвораи байналмилалӣ ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Қазоқистон бахшида шуда, бо мақсади тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи фарҳангу ҳунар, рушди санъати театрӣ, дастгирии корҳо ва ташаббусҳои эҷодӣ, ҳамчунин бештар намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба намоишномаҳои театри муосир ташкил гардидааст.
Дар ҷашнвора аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 7 театр иштирок дорад, ки онҳо то 27-уми октябр намоишномаҳоро пешниҳоди тамошобинон менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки «Шабе дур аз Ватан» аз намоишномаҳои маъруфи театри ҷавонон буда, онро коргардон Нозим Меликов аз рӯи асари шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир таҳия намудааст. Моҳпайкар Ёрова, Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшҳои асосиро дар намоиш иҷро мекунанд.
«Шабе дур аз Ватан» аз ҷумлаи намоишномаҳое мебошад, ки то кунун дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалии театрӣ ва озмунҳо иштирок намуда, соҳиби дипломҳо ва ифтихорномаҳо гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






