ЮНИДО Маҳсулоти корхонаҳои ватаниро зери тамғаи «ЛАЪЛ ТЕКСТИЛ» дар Форуми баналхалқии соҳибкорон дар Душанбе ба намоиш гузошт
Душанбе, 14.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи миллии соҳибкорон Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) маҳсулоти корхонаҳои ватаниро зери тамғаи «ЛАЪЛ ТЕКСТИЛ» дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 ба намоиш гузошт.
ЮНИДО дар ҳамдастӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Азнавсозии саноат ва баланд бардоштани рақобатпазирии бахшҳои қолинбофӣ, бофандагӣ ва зардӯзӣ/соҳаҳои бофандагӣ дар Тоҷикистон» маҳсулоти ширкатҳои ватаниро зери тамғаи «Лаъл текстил» дар ҳамоиши мазкур муаррифӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки зери унвони «Лаъл текстил» 10 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гуногун дар самти қолинбофӣ, бофандагӣ ва гулдӯзӣ муттаҳид шудаанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






