Занони деҳот-сарманшаи муҳаббату бовар

Октябрь 13, 2016 16:30

Душанбе, 13.10.2016. /АМИТ»Ховар»/. 15- уми октябр  рӯзи байналмилалии занони деҳот эълон шудааст . Ғояи асосии  таъсиси чунин як ид  дар конфронси занон , ки соли 1995 дар Пекин баргузор шуда буд, пешниҳод гардидааст. Аммо фақат баъд аз 12 сол, соли 2008 бори аввал ин ид қайд карда шуд. Ҳадафи ин ид он вақт ҷалб намудани таваҷҷуҳи мардуми олам ба вазъи мушкили занони заҳматкаши деҳот ва сазовор қадрдонӣ кардани саҳми боризи онҳо дар истеҳсолот буд.

Аз чор як ҳиссаи тамоми занони дунё дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар кишваре чун кишвари мо, ки деҳоти зиёд дорад, шояд ин таносуб бештар бошад.

Таъмини сокинони шаҳрҳо бо озуқаворӣ, растаниҳои ғизоӣ, ашёи хом асосан ба заҳмати дастони пурбаракати онҳо вобастагӣ дорад. Ба шарофати заҳмату фаъолияти  занони деҳот дар рафҳои дӯконҳои мо маводҳое, чун гӯшту шир, нон, равған, панир ва ғайра фароҳам меоянд. Рӯзи байналмилалии занони деҳот занону духтарони гуногунихтисосу гуногунпешаро, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, муттаҳид месозад.

Ин ҷашн моро бори дигар ба андеша меорад, ки дар хусуси занҳои деҳоти Тоҷикистон низ андеша кунем, зеро занону духтарони деҳоти Тоҷикистон дар муқоиса бо занони дигар деҳоти дунё шояд заҳмати бештареро бар дӯш доранд. Ва барои исботи ин андеша далелҳо бисёранд.

Аввало, мардҳо дар Тоҷикистон  чун анъана ва одат бештар ба кори саҳро машғул буда, камтар таваҷҷуҳ ба кори хоҷагии хонавода ва дохили хонавода доранд.

Дуюм, солҳои охир мо мебинем, ки ба кори саҳро низ бештар занон машғуланд. Дар саҳроҳои пахта, дар боғу токзор, дар фермаҳои чорводорӣ  ғайр аз  корҳои сохтмону дуредгариву чӯбкорӣ,  аксар мебинем, ки занон машғули коранд. Баъзан ба саҳроҳои деҳот нигариста, кас дар ҳайрат мемонад, ки мардони деҳот дар куҷо бошанд? Оё онҳо ҳастанд? Аммо, вақте ягон маърака: тӯй ё худоӣ, хусусан, маъракаи ошхӯрӣ мешавад, мебинем, ки шукри Худо, онҳо ҳастанд ва хеле бисёранд. Хоҳед-нахоҳед, ба андеша меравед, ки дар Тоҷикистони мо мардон оё суиистифода аз мақоми солории худ дар хонавода намекунанд? Оё  аксари бори хоҷагӣ ва вазифаҳои мардонаи худро бар дӯши занон бор накардаанд? Вагарна инро боз чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Сеюм, дар деҳоти мо, аз чӣ сабаб бошад, ки аз иҷрои бисёр касбу корҳое, ки мо ном бурдему мутааллиқ ҳам ба марду ҳам ба зан ҳастанд, ғайр аз косаву дегу табақшӯиву дӯзандагиву хонарӯбиву ҷомашӯӣ, мардони мо ор мекунанд. Ҳол он ки дар ҳама олам ин корҳоро аксарон мардон иҷро мекунанд. Ба мисоли аксари корҳои саҳроӣ ва ғайра.

Албатта, солҳои охир вобаста ба вазъи зиндагӣ хеле аз мардуми мо муҳоҷир шуданд, барои мардикорӣ ба кишварҳои дигар рафтанд. Аммо бояд иқрор шуд, ки суиистифода аз заҳмати занон то ин вақт ҳам дар деҳоти мо  ҷой дошт. Шиори баробарҳуқуқии марду зан дар даврони шӯравӣ ҳам натавонист ин нобаробариро аз байн бубарад.

Биёед, мушаххастар бубинем: дар саҳрои пахта занону духтарон, дар пиллапарварӣ занону духтарон, дар боғҳои меваву ангур боз ҳам онҳо, дар тамокупарвариву тамокучиниву тамокугузаронӣ  онҳо(шукр, ки ҳоло кам шудааст), дар фермаҳои чорводорӣ, дар майдонҳои зироаткорӣ ҳам занон… Инҳо вазифаҳо ва корҳое ҳастанд, ки берун аз хона иҷро мешаванд.  Инкор намекунем, ки дар иҷрои ин корҳо каму беш мардонро ҳам мебинем, аммо онҳо аксар ба сифати роҳбар буда,  дар муқоиса теъдоди ночизанд.

Аммо вақте  ки ба кор ва машғулиятҳои дохили хона рӯ меорем, боз ҳам бештар дар шигифт меоем, зеро аксари кулли корҳои ҷиддии дохили хона боз ҳам бар дӯши занон аст! Бубинед: Зан — модар фарзандро бо чӣ қадар эҳтиёткориву меҳру шафқат дар батн мепарвараду ба дунё меорад, ӯро тарбият мекунаду ба воя мерасонад. Албатта, ғизои тифлро ӯ омода мекунаду ба ӯ  медиҳад, гаҳвораи тифлро ӯ меҷунбонад, либосҳои тифлро ӯ мешӯяду ӯ мепӯшонад, саломатии тифлро ҳам ӯ нигоҳубину посбонӣ мекунад. Яъне ҳарчи вобаста ба парвариши тифлону кӯдакон аст, ба зиммаи ӯст.

Аммо ба ҷуз ин, тамоми корҳои хона: пухтани нону хӯрок, шустани либос, рӯбу чини хонаву ҳавлӣ, нигоҳубини чорвои хонагӣ: аз хӯрондани чорво то тоза кардани оғилу ширдӯшӣ, хуллас, 90 фоизи корҳои хона, ба ҷуз сохтмону коркарди замин бар дӯши  ӯянд. Дар хонаҳое, ки мардон нестанд, ин корҳо ҳам ба зиммаи занон аст. Илова бар ин зан-модари тоҷик ташкилу гузаронидани тамоми маъракаҳои хонавода, қабулу гусели меҳмононро низ ба зимма гирифтааст. Касе, ки аз зиндагии зани деҳот огоҳ аст, хуб медонад, ки боз чандин вазифаву ташвишҳои дигареро ҳам метавон қатор кард, ки ин зан бар уҳда гирифтаасту сарбаландона иҷро мекунад.

Аммо ба ҷуз ин ҳама зан — модари тоҷик вазифаи муқаддастарин,  тарбияи фарзандро низ бар уҳда дорад. Агар ба назар гирем, ки зан — модари тоҷик  аз серфарзандтарин модарони дунёст ва аз 4-5 то 10-12 фарзандро дар рӯҳияи баланди инсондӯстиву одамгарӣ метавонад бузург кунад, симои барҷастаи қаҳрамонмодарии ӯ пеши назар меояд.

Бо ин ҳама ҳамин занони деҳотии тоҷиканд, ки тамоми суннатҳо, маросимҳо, расму ойинҳо, ҳунарҳо ва одобу фазилати моро нигаҳ медоранд  ва ҳамин одоб, забон, расму ойину суннатҳоянд, ки бо ҳама сангборону тирборони таърих, миллати моро зинда доштаанд. Яъне миллати моро ҳамин зан — модар зинда доштааст. Бале, мо ҳама хуб медонем, ки фазлу футуввату маърифат, инсондӯстиву инсонпарвариро аз ҳамин зан — модари деҳотӣ омӯхтаем. Чӣ бузургу бебаҳоянд модарони мо!

Албатта, ин суханҳо ҳама на ба мазаммати занони шаҳрӣ гуфта шуданд. Дар Тоҷикистони мо занони шаҳрӣ дар асл ҳама деҳотиянд ва аксари суннатҳои деҳот дар шаҳрҳо ҳам нигаҳ дошта шудаанд ва аслан тафриқаи шаҳру деҳот чандон бузург нест.

Аммо шумо бубинед, ин зани гирифтори тоҷик дар деҳот тавонистааст бузургону нобиғагонеро, чун Устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Шайхурраис Сино, Мавлоно Балхӣ, Ҳаким Хайём ва даҳҳои дигар адибу олиму мутафаккиронро ба олам ораду тарбият кунад. Ӯст, ки бо таълиму тарбияи хонаводагии худ, бо нахустин суруд, аллаи хирадмандонаву ҳикматрези худ, бо нахустин замзамаҳои зебо, бо нахустин андарзҳояш ин бузургонро дар рӯҳия ва завқи баланди инсониву эҷодкорӣ парвардааст.

Имрӯзҳо мо ба истиқлолияти давлатии худ расидаем ва боиси хушбахтии мост, ки 25-солагии истиқлолиятамонро тантана мекунем. Яъне Истиқлолияти давлатии мо пирӯз аст, таҳким меёбад ва сол то сол обрӯ гирифтаву қавитар мегардад. Ин далели хушбахтии миллати мо, далели соҳиб доштани кишвари мо, далели  интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ аз ҷониби  Пешвои миллати мост. Пешвое, ки ӯро ҳам ҳамин зан — модари деҳотӣ ба дунё овардаву парваридааст.

Боз ҳам метавон мадюни ақлу заковат ва хиради Пешвои миллатамон буд, ки пайваста аз некӯаҳволии занону духтарони кӯҳистон андеша мекунад ва маҳз бо ташаббуси шахсии ӯст, ки имрӯз аз дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон тавассути квотаи президентӣ ҳазорон нафар духтарон машғули таҳсил дар тамоми мактабҳои оливу ҳунаристонҳои кишваранд ва аллакай садҳо нафари онҳо соҳиби маълумот ва касбу кори нодир гардида, ба деҳоти худ баргаштанд ва муваффақона машғули коранд ва саҳми бузурги худро дар эҳёи мамлакат мегузоранд. Ва маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар дар даврони истиқлолият мақоми зан дар ҷомеаи мо баланд бардошта шуд ва имрӯз занони тоҷик дар саросари кишвар ва хусусан дар деҳот дар сари кор буда, вазифаҳои масъул ва ҷиддии давлатиро ба зимма гирифтаанду бо муваффақият кор мекунанд. Мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки Сарвари кишвар ҳангоми сафарҳо ва суҳбатҳои худ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар аз байни занон, хусусан ҷавонон чун як заршинос духтарону ҷавонзанони болаёқат ва боистеъдодро мушоҳидаву гулчин намуда, ба кор ва вазифаҳои масъули давлативу ҷамъиятӣ сафарбар менамояд. Ва онҳо бо камоли садоқат ва масъулияти даҳчанд ба кор мепечанд ва дар роҳи рушди кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Маҳз бо шарофати ҳамин сиёсат, дастгирӣ аз ҷавонону бонувони кишвар, имрӯз дар аксари гӯшаҳои мамлакатамон коргоҳу корхонаҳои нав таъсис меёбанд, ки тавассути онҳо ҳазорон ҷойи нави корӣ, хусусан барои занон, аз ҷумла барои занони деҳот таъсис дода мешаванд.

Муҳаббат, бовар ва садоқати Президент ба занону модарони азизу муҳтарамамон якҷониба нест. Дар яке аз мулоқотҳои Ҷаноби Олӣ дар рӯзҳои Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон мо шоҳиди суханҳои самимонаву пур аз меҳри Президент нисбат ба занону модарони Бадахшон будем. Сарвари кишварамон гуфтанд, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард, ки чӣ гуна занону модарони Бадахшон дар он рӯзҳои аввали истиқлолият, вақте ки вазъият хеле хатарнок буду  Сарвари кишвар ҷони худро дар хатар гузошта, барои ба даст овардани сулҳу оштии миллӣ ба Бадахшон сафар карда буданд,  занону модарони Бадахшон синаҳоро сипар намуда, пеши роҳи силоҳбадастонро гирифтанд, то ки газанде ба Сарвари кишвар нарасад. Ин суханҳо он қадар самимӣ буданд, ки ашк дар чашмони ҳамагон ҳалқа мезад ва мо бори дигар ба бузургии зан- модари тоҷик ва самимияти Пешвои миллат сари саҷда фуруд меовардем.

Шукри Худо, ки он роҳҳои пурхатар пушти сар шуданду ба шарофати сиёсати хайрхоҳона ва некманишонаи  Сарварамон имрӯз дар кишвари азизамон тинҷиву амонӣ ва зиндагии созандаву бунёдкорона  идома дорад. Аз маврид истифода бурда, дар  ҷашни Рӯзи байналмилалии занони деҳот банда мехоҳам пешниҳоде пеш орам, ки барои дастгирӣ, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо ба занони деҳот  мусоидат хоҳад кард. Гумон мекунам, мавриди он аст, ки як созмон ва ё ташкилоте  бо номи «Созмони занони деҳот»  таъсис кард, ки   бо як барномаи мушаххас дар ҳалли мушкилоти зиёди занон дар деҳот саҳми бориз хоҳад гузошт.

Камол Насрулло

АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 13, 2016 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад