Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 26 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод

Ноябрь 7, 2016 16:52

Душанбе, 07.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»,  «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои  Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ва деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат» ва лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои тасдиқ ба иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.

Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ дар Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир мегардад. Дар назар дошта шудааст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаҳои зикршудаи қонунҳоро баррасӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд.

Ноябрь 7, 2016 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид
Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд