Дар интиҳои сол меъёри таваррум ба андозаи 7,0 фоизи солона ҷамъбаст хоҳад шуд

Ноябрь 26, 2016 09:33

Душанбе, 26.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Cатҳи таваррум дар моҳи октябри соли 2016 раванди тадриҷии поёнравиро соҳиб гашта, тағйирёбии он нисбат ба моҳи қаблӣ 0,2 фоизро ташкил дод. Таварруми солона низ дар муқоиса ба моҳи сентябр (6,4%) дар сатҳи пасттар- 6,1 фоиз ҷамъбаст ёфт.

Бино ба иттилои БМТ, поёнравии нисбии таварруми солона дар моҳи октябр маҳз аз ҳисоби нарху тарифаҳои хизматрасонӣ (маъмурӣ) ва маводи сӯзишворӣ ба вуқуъ омад. Дар ин давра сатҳи таваррум бо арзёбии солона (дар 12 моҳи охир) аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ба андозаи 7,4 фоиз (0,7% м/м) ва маҳсулоти хӯрокворӣ 5,8 фоиз (0,6% м/м) ҳосил гардид.

Тарифаҳои хизматрасонии маъмуран муқарраршаванда аз 7,0 фоиз дар моҳи сентябр то ба 4,4 фоиз (-2,8% м/м) поён рафта, мутаносибан саҳми асосиро дар пастравии таварруми солона доштанд. Саҳми афзоиши қисматҳои асосии таварруми аслӣ, махсусан маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ (бе назардошти маводи сӯзишворӣ) ва хизматрасонии бозорӣ муътадил монда, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ нисбат ба моҳи қаблӣ каме, асосан аз ҳисоби маҳсулоти қаннодӣ (8,2% с/с) ва нӯшокиҳои беспирт (20,1% с/с) афзуд.

Дар моҳи октябр гурӯҳи нархҳои истеъмолие, ки дар ҳисоби таварруми аслӣ истисно мегарданд, ба поёнравии таваррум мусоидат кард. Нархи маҳсулоти хоми (нотайёри) хӯрокворӣ вобаста ба таъсири омилҳои ғайримонетарӣ раванди тағйирёбӣ дошт. Аз ҷумла, нархи сабзавот ва биринҷ майли поёнравӣ дошта, дар навбати худ нархи меваҷот, тухм ва шир боло рафт.

Раванди тағйирёбии муътадилии талаботи дохилӣ ва қурби пули миллӣ ба интизориҳои нисбатан пасти таваррумӣ мусоидат мекунад, ки инро метавон дар пӯёи (динамикаи) таварруми аслӣ мушоҳида кард. Тибқи таҳлилҳо интизор меравад, ки дар моҳи ноябри соли равон болоравии нақшавии нархи хизматрасонии неруи барқ ва омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ сатҳи таварруми солонаро то андозае боло баранд. Аммо бо вуҷуди ин, меъёри таваррум эҳтимолан дар интиҳои сол дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоизи солона ҷамъбаст шавад.

Ноябрь 26, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад