Дар Муъминобод намунаи ҳунари ихтироъкорони навраси 16 муассисаи таълимии ноҳия муаррифӣ гардид
Қӯрғонтеппа, 22.11.2016 /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияи Муъминобод намунаи ҳунари ихтироъкорони ҷавон бо иштироки беш аз 400 нафар ҷавонони ноҳия, донишҷӯён, хонандагони синфҳои болоӣ, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия муаррифӣ гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозода баъди шиносоӣ ба маҳсули ҳунари ҷавонони ноҳия баҳои баланд дода, чунин гуфт: «Ҳар як икдоми вобаста ба созандагӣ ва бунёдкорӣ, бахусус агар он аз тарафи ҷавонон бошад, дастгирии бештар меёбад. Мо пайваста ҷавононро дастгирӣ менамоем, то дар оянда ба қуллаи мурод расанд».
Ёдовар мешавем, ки дар намоиши мазкур ихтироъкорони навраси 16 муассисаи таълимии ноҳия дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.