Фаъолзанони Восеъ никоҳи хешутабориро маҳкум карданд
Восеъ, 19.11.2016 /«АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳонии занону духтарон оид ба паҳншавии фарҳанги бегона дар ноҳияи Восеъ вохӯрии занони фаъол баргузор шуд.
Қумринисо Сангалиева, корманди бахши кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати вилояти Хатлон иброз дошт, ки никоҳи хешутаборӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад.
«Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ 90 фисади шаҳрвандоне, ки никоҳи хешутаборӣ доранд, кӯдакони носолим ба дунё овардаанд ё бо ҳар роҳ аз ҳам ҷудо шудаанд»,-гуфт мавсуф.
Ҳачунин дар вохӯрӣ зикр шуд, ки то ҳанӯз баъзе шахрвандон хилофи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳо амал карда, ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.
Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чунин вохӯриҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






