«Панҷшер» ва «Саройкамар» роҳхат ба Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварданд
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон бо ғалабаи дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба анҷом расид. Футболбозони ин даста аз 24 вохӯрӣ дар 19-тоаш ғалаба карда, ду бозиро мусовӣ карданд ва дар се вохӯрии дигар мағлуб шудаанд. Дар натиҷа ин даста соҳиби 59 имтиёз гардида, соҳиби ҷои аввал ва медалҳои тиллои мусобиқаи Лигаи якум гардид.
Дастаи дигари вилояти Хатлон-«Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ, ки ҳамаи бозиҳои худро аз сабаби бунёд ва таъмиру тармими варзишгоҳ берун аз ноҳия баргузор кард, бо 18 ғалаба, 4 бохт ва 2 мусовӣ сазовори медалҳои нуқра ва ҷои дуюм шуд.
Маротибаи дуюм аст, ки футболбозони дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ барандаи ҷоизаҳои ифтихории мақоми сеюм дар Лигаи якум мегарданд. Ба футболбозони ин даста медалҳои биринҷӣ супорида мешаванд.
Нишонзани беҳтарини Лигаи якум Абдухалил Боронов бо 36 тӯб шинохта шуд. Дар ин рақобат Фирдавс Зайнуллозода бо 17 гол аз дастаи «Чашма»-и Шаҳритус дар мақоми дуюм мавқеъ гирифт.
Баъди ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар» ҳуқуқ пайдо карданд, ки соли оянда дар қатори дастаҳои Лигаи олӣ ҳунарнамоиашонро идома диҳанд.
Ҷадвали ниҳоии мусобиқа дар Лигаи якум чунин аст:
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Панҷшер» (Балхӣ) | 24 | 19 | 2 | 3 | 73-21 | 59 |
| 2 | «Саройкамар» (Панҷ) | 24 | 18 | 2 | 4 | 54-16 | 56 |
| 3 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 24 | 17 | 4 | 3 | 56-19 | 55 |
| 4 | «Исфара» (Исфара) | 24 | 11 | 3 | 10 | 39-36 | 36 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 24 | 11 | 2 | 11 | 36-36 | 35 |
| 6 | «Парвин» (Бохтар) | 24 | 10 | 5 | 9 | 48-37 | 35 |
| 7 | «Помир» (Душанбе) | 24 | 9 | 6 | 9 | 44-36 | 33 |
| 8 | «Коммуна» (Фархор) | 24 | 9 | 5 | 10 | 27-39 | 32 |
| 9 | «Канд» (Конибодом) | 24 | 8 | 3 | 13 | 35-51 | 27 |
| 10 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 24 | 8 | 2 | 14 | 22-46 | 26 |
| 11 | «Локомотив» (Душанбе) | 24 | 4 | 8 | 12 | 22-41 | 20 |
| 12 | «Чашма» (Шаҳритус) | 24 | 5 | 3 | 16 | 29-65 | 18 |
| 13 | «Зарафшон» (Панҷакент) | 24 | 2 | 5 | 17 | 23-65 | 11 |
Нишонзанҳои беҳтарин: Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 36 тӯб, Фирдавс Зайнуллозода («Чашма»), Хасан Холов («Панҷшер») – 17, Адҳам Абдуллоев («Кӯктош») – 16, Тоҳир Маладӯстов («Помир») – 15 , Некрӯз Козимов («Кӯктош»), Шаҳром Самиев («Помир») – 12.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






