«Парафшон бод парчамат, Тоҷикистон!»-ҷамъомади тантанавӣ дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Ваҳдат, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон таҳти унвони «Парафшон бод парчамат Тоҷикистон» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
«Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик мебошад»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Омӯзгори Коллеҷи мазкур Дӯстмурод Тағоев зимни суҳбат гуфт, ки «Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши рангҳои сурху сафеду сабз ва дар байни онҳо рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавчудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагию асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои мардони сарзаминамон башорат медиҳад».
Дар ҷамъомад ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Парчам рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ» ва кашидани расм дар мавзӯи «Муқаддасоти миллӣ» туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳо тақдим шуданд.