Ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ

Декабрь 31, 2016 10:42

ДУШАНБЕ, 31.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 27-29 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва Роҳбари қисми хитоии Комиссияи муштарак, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба масъалаҳои сарҳад ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тарафҳо масъалаҳои дахлдори татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитойро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.
Доир ба натиҷаи ҷаласаи Комиссияи муштарак Протокол ба имзо расид.

Декабрь 31, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати «LANXESS AG»-и Олмон мулоқот намуд
Масъалаи густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои мудирияти захираҳои об баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Дабирхонаи Анҷумани ҳамкории Корея-Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Боку нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Словения баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Давлати Кувайт нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни олмонӣ — омӯзандагони забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Ҳумболдти Берлин вохӯрӣ намуд
Ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид