Ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ дар кадом поя аст?
ДУШАНБЕ, 30.12.2016/АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи субот ва таъмини амнияти минтақавӣ» нақши муассир дошта, ҳамзамон иқтидори нақлиётию транзитии Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақа аз ҷойгоҳи намоён бархурдор аст»,-гуфт Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Хусусиятҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид. Таъкид шуд, ки рӯйдоду таҳаввулоти ҷиддие, ки тӯли солҳои охир дар минтақа ба амал меоянд, кишварҳои Осиёи Марказиро водор месозанд, ки сатҳи ҳамгироии минтақавиро бо назардошти афзоиши зуҳуроти номатлуб ва хатарҳои рӯзафзуни замони муосир тақвият бахшида, ҷиҳати ҳифзи субот ва амният дар минтақа ва рушди ҳамгироии иқтисодӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамкории гуногунсоҳаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи арзишҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстиву бародарӣ асос ёфтааст, ҷавобгӯи талаботи равандҳои замони муосир набуда, хусусан раванди ҳамгироӣ дар минтақа дар сатҳи суст ҷараён дорад. Аз ин рӯ, дар ин самт кишварҳои минтақаро мебояд аз иқтидору имконоти мавҷуда ҷиҳати расидан ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ самаранок истифода намоянд.
Дар ҳамоиш, ки сафирони Россия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин коршиносон ва олимону мутахассисони марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ширкат доштанд, доир ба паҳлӯҳои гуногуни рушди ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ, ҳамкории минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъсири омилҳои геополитикӣ дар ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ, хатар ва имконоти рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, дастовардҳои минтақавӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи бозори ягонаи Осиёи Марказӣ ҳамчун омили асосии ҳамгироии минтақавӣ ва дигар паҳлӯҳои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуда, пешниҳодҳои самарабахш баён карданд.








ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






