Дар Агентии назорати маводи нашъаовар зиёда аз 360 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 360 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Маводи нашъаовар аз 7 кг 984 гр героин, 110 кг 910 гр афюн, 111 кг 425 гр ҳашиш, 136 кг 700 гр бангдона ва 1 кг 250 гр ҳаби МДМА иборат буд. Он дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма нобуд карда шуд»,-хабар дод манбаъ.
Ба иттилои Агентӣ, маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буд.
Бояд зикр намуд, ки дар давоми ҳабдаҳ соли охир дар бухории Агентӣ зиёда аз 17,5 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






