Дар Данғара ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маркази ноҳияи Данғара бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни мақомоти корҳои дохилӣ ва аҳолӣ, тарғиби сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдализода, намояндагони ташкилоту идораҳои давлатӣ, маориф ва дин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва аҳли ҷамоати ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.
«Раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Маҳмадулло таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба баррасии мавзӯъҳои нигаронкунандаи ҷомеа, роҳҳои бартараф намудани онҳо ва таҳкими робитаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ ҷалб сохт. Сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара Алишер Неъматзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар ноҳияи мазкур, пешгирии қонуншиканӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо, масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дигар самтҳои фаъолияти милитсия маълумот дод»,-зикр кард манбаъ.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода изҳор кард, ки «ҳар як сокини диёр, новобаста аз вазифа, мартаба ва мавқеи иҷтимоӣ бояд нисбат ба равандҳои пешрафти ҷомеа ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аз худ фаъолнокӣ нишон дода, дар ободию шукуфоии Ватан ва зиндагии осоишта саҳмгузор бошад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






