«Идоракунии захираҳои обӣ барои рушди устувори инсонӣ»-конфронс дар ДМИТ
ДУШАНБЕ, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»- таҳти чунин унвон 30 декабр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) конфронси илмию назариявӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода аҳли толорро бо қабули пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» табрик намуда, гуфт, ки ин чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин иқдом аст.
«Феълан кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ эътироф гардидааст, ки барои болоравии мақоми Тоҷикистон саҳми беандоза калон дорад. Хатарҳои глобалии имрӯза, аз ҷумла буҳрони молиявию иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ ва дигар масъалаҳо барои амалӣ шудани ҳадафҳои рушди ҳазорсола монеа эҷод мекунанд. Бинобар ин масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ яке аз ҳадафҳои муҳими Рушди ҳазорсола маҳсуб мешавад. Сарфакоронаю самаранок истифода бурдани захираҳои обии кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Зеро 70%-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, ки имрӯз танҳо 4 фоизи он истифода мешаваду халос. Бинобар ин об барои рушди устувори оянда, таъмини мувозинати инкишофи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ муҳим арзёбӣ мегардад»,-иброз дошт А. Солеҳзода.
Дар конфронс устодони донишкада дар мавзӯъҳои «Эъломияи 10 соли амал «Об барои рушди устувор», «Об сарчашмаи зиндагӣ», «Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони оби полезӣ ва нӯшокӣ», «Идоракунии захираҳои обӣ барои рушди устувори инсонӣ» ва «Захираҳои обию энергетикӣ: муаммоҳо, вазъи ҳозира ва дурнамои он» пешниҳодҳои муфид карданд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






