Кишоварзони ноҳияи Сангвор дар 28,7 гектар боғи нав бунёд намуданд
САНГВОР, 21.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Сангвор ба 94,7 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 57,8 миллион сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 36,9 миллион сомонӣ ба соҳаи чорвопарварӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 900 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нурмаҳмад Хушбахтов иттилоъ дод
«Кишоварзони ноҳия дар ин давра 1095 тонна гӯшт, 8 ҳазору 347 тонна шир, 1 миллиону 775 ҳазор дона тухм, 295 тонна асал, 40 тонна пашм ва 23 ҳазору 812 тонна хӯроки чорво истеҳсол намуданд. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1 ҳазору 972 тонна шир, 135 ҳазор дона тухм, 6 тонна асал, 19 тонна пашм ва 528 тонна хӯроки чорво зиёд мебошад.
Кишоварзони ноҳия инчунин дар 28,7 гектар боғи нав бунёд намуданд»,-зикр кард манбаъ.