ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ДУШАНБЕ, 09.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Маънои вожаи истиқлол озодист. Озодӣ қиматтарину бебаҳотарин дастоварди ҳар як инсон аст. Инсоне, ки ҳама чиз дораду озодӣ надорад, гӯё ки чизе надорад. Ана ҳамин озодӣ тавассути Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз насиби мо, тоҷикон шудааст.
— Агар ба худ савол диҳем, ки халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба чӣ дастовардҳо ноил гардид, метавон далелҳои зиёдеро овард ва хеле тӯлонӣ онҳоро тавсифу шарҳ дод. Зеро дар ин сию панҷ соли сипаришуда ҳар сол, ҳар моҳ, ҳар ҳафта, ҳар рӯз ва баъзан ҳатто ҳар соат халқи мо ва давлату Ҳукумати мо дастоварду пирӯзиҳои зиёд доштанд. Танҳо барои номбар кардани онҳо соатҳо бояд ҳарф зад.
Агар мо аз худ бипурсем, ки аз ин ҳазорон дастоварди замони Истиқлоли давлатӣ хуҷастатаринаш кадом аст? Ман ба ин савол чунин посух медиҳам, ки беҳтарин ва хуҷастатарин дастоварди халқи тоҷик дар 35 соли соҳибистиқлолӣ- ин руҳияи баланди ватандӯстӣ, якдилӣ, ҳувияту ифтихори миллат ва масъулияти ҳифзи амнияти давлат аст, ки воқеан давоми ин солҳо мардуми моро фаро гирифт.
Ба ин муносибат мехоҳам як вожаеро дар баробари вожаи “истиқлол” гузорам, ки ин вожа “ирода” аст . Ирода дар фарҳанги мо чунин маъниҳо дорад. Аввал: майлу хоҳиш ихтиёр; баъдан ихлос , сидқ дилбастагӣ, дӯстии беғараз, эътиқод.
Банда ин мисолро барои он овадам, ки маънову моҳияти истиқлолро тавонам то ҷойе нишон бидиҳам. Зеро истиқлол аз пеши худ наметавонад вуҷуд дошта бошад, он бояд зербуни қавӣ, пояҳои мустаҳкаме дошта бошад ва ин пояҳо дар ҳамин вожаи ирода мавҷуданд. Яъне, аввал истиқлолро бояд хост, бояд ба он майлу рағбату ихтиёр дошт. Баъдан, агар эътиқоду эътимод надоред, садоқат надоред, ихлос надоред, истиқлол як вожаи зебое хоҳад буду бас.
Аммо барои доштани он ҳама сифатҳое, ки дар боло гуфтем, ҷоннисорӣ, заҳмату сарсупурдагӣ зарур аст. Оре, ин ҳама ҳарфе, ки мегӯем, аз дарси истиқлол аст, дарсе, ки халқи мо, давлати мо онро дар худ таҷриба кард ва мардуми шарифи мо тавонистанд ба он ноил шаванд.
Ин ҳарфҳо ба хотири он гуфта мешаванд, ки баъзан эҳсос мешавад на ҳама мардум моҳияти истиқлолро фаҳмидаанд. Акнун як вожаи дигареро бояд аз ёд набароем ва ин вожа масъулият аст. Масъулияти ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, масъулияти қадрдонӣ аз Истиқлоли давлатӣ- ин беҳин дастоварди инсонӣ, ки мо шарафманди он шудаем.
Баъдан, замоне, ки мо истиқлоли давлатии худро месозем, замонест хеле мураккабу пешгӯинашаванда ва ин масъулияти истиқлолияту давлатдории моро даҳчанд афзунтар мегардонад. Дар ин ҷаҳони бисёр мураккаб, даҳҳо бор мураккабтар аз гузашта, дар ин ҷаҳони набардҳо, зӯрӣ, инфиҷор, замоне, ки неруҳои зиёдеро ҳирс ва кинаву адоват роҳнамоӣ мекунанд, чӣ мавқеъ ва чӣ неруе бояд дошт, ки аз ҳама ин гирифториҳо раҳо бошӣ ва озоду мустақил зиндагӣ кунӣ?
Миллати мо таърихан дар имрӯзу оянда ҳам танҳо як неру доштаасту метавонад дошта бошад, ки ин неру хирад, илму адаб ва некиву хайрхоҳист, ки миллати моро бо он сириштаанд. Аз замони соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар ин муддати кӯтоҳ сиёсати давлатии миллати тоҷик ва мавқеи байналмилалии он чунон ба роҳ монда шуда, ки мо дар амнияту амонӣ, бо созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу салоҳ, дӯстиву бародарӣ дар партави ҳадафҳои неки инсониву башарӣ зиндагии осоишта дорем. Танҳо хиради зотӣ ва фарҳанги баланди инсонии миллати мо ва фарзандони наҷибаш метавонанд пуштибон ва кафолати зиндагии осоишта ва хуррами имрӯзу фардои мо бошад.
Имрӯз маълум аст, ки дар ин замони таърихие, ки миллати мо соҳиби Истиқлоли давлатӣ гардидааст, бештар аз ҳар вақт бояд такя ба маънавиёти баланди худ бикунад, ин маънавиётро пеш барад, ба пирӯзиҳои нави иҷтимоиву сиёсӣ, ба фатҳи арзишҳои нав ва ормонҳои тозаи миллӣ бирасонад.
Ин бахти халқи мо буд, ки Худованди карим дар оғози роҳи Истиқлоли давлатӣ ба миллати мо Сарвареро дод, ки бо сиришти баланди меҳанпарастиву ватандӯстӣ, бо заковати худодод, бо истифодаи хиради миллӣ, бо нигоҳи хирадмандонаву дурбинона роҳҳову самтҳоеро пеш гирифт, ки миллаи некманиши моро аз вартаҳои фалокат раҳоӣ бахшид.
Ва бубинед, нахустин қадамҳои давлати навбунёди ҷангзада ба кадом сӯ равона шуда буд? Аввалан, худшиносии миллӣ, аввалан, ваҳдати миллӣ, аввалан, эҳёи маънавии миллати соҳибтамаддун, аввалан, арҷгузорӣ ба бузургони илму адаб, аввалан, ба интишори китоб — ин дастовези бебаҳои таърихии миллати тоҷик.
Имрӯз, вақте ки пиру барнои кишвар вожаҳои Ватан, Истиқлол, Прачам, Пешвои миллатро ба забон меоранд, мо эҳсос мекунем, ки ин вожаҳо чӣ қадар саршор аз муҳаббатанд, зеро аз дилу ҷон бо дарки моҳияти онҳо, бо масъулияти ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба забон гирифта мешаванд.
Имрӯз, ки мо баъд аз 35 соли сипаришуда бо сари баланд, бо ифтихори ватандӯстӣ рӯ ба рӯи оламу одам, рӯ ба рӯи башарият қомат афрохтаем, ин пирӯзӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Ва осон ҳам нест расонидани як кишвари ҷангзада бо хазинаҳои сифр ба ин баландои созандагиву шукуфоиву боландагӣ бо ин ҳама даствардҳои шоиста.
Дар ин 35 соли соҳибистиқлолӣ мардуми мо ва давлати мо дар тамоми самтҳо- ҳам дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳам дар сиёмати давлатдории дохилӣ ба дастоварҳои бузург ноил гардид. Зеро дар ин 35 сол соле, моҳе, ҳафтае рӯз ва ҳатто соате набудааст, ки халқи заҳматдӯсти мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба як дастоварде ноил нашуда бошад.
Миллате, ки неруи асосияш хираду илму адаб аст, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои худ дар муқобили ваҳшонияту барбариҳои имрӯза тавонист роҳеро интихоб кунад, ки ӯро ба эҳёи дубораи таърихӣ бирасонад.
Сухан дар бораи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зиёд аст, зеро кору пайкор, созандагиву бунёдкории ин миллати некойин идома дорад. Мо аминем, ки сиришти неки миллати хайрхоҳу некбин, миллати ватанпарасту башардӯсти тоҷик моро ба пирӯзиҳои нав мерасонад, зеро хиради зотии ин миллати некойин, миллати абармардону нобиғагони гузашта ҳадафҳои волои инсониро пайгирӣ мекунад.
АМНИ ДАВРОН ЗИНДА БОД!
Тоҷи шаъну эътиборат, Тоҷикистон, зинда бод!
Ин ҳама боландагиҳо, амни даврон зинда бод!
Офтоби сулҳу амният дурахшонат намуд,
Суғду Хатлону Бадахшону Зарафшон зинда бод!
Шуд мунаввар аз сириштат Нораку Роғун, хушо,
Дар ниҳоди некхоҳат, нури имон зинда бод!
Меҳани оби мусаффо, меҳани фарзонагон,
Нури маъниву хирад дар остонат зинда бод!
Тоҷикистон сарзамини ишқу некиву сурур,
Парчами осудагӣ дар осмонат зинда бод!
Кӯча-кӯча гулфишонӣ, шаҳр-шаҳр анбарфишон,
Дар барат фаввораҳои файзи эҳсон зинда бод!
Фавҷи эҳёи ҳунар, ин расму ойинҳои нек,
Ифтихори миллати мо бо ниёкон зинда бод!
Зинда бодо ҳар дари бозат ба рӯи меҳмон,
Рӯи хонат ишқу меҳру накҳати нон зинда бод!
Офтоби файзи Раҳмонӣ ба тоҷат ҷилвагар,
Пешвои хайрхоҳу некҷонат зинда бод!
То фано ҳаргиз наёбад хайру некӣ дар ҷаҳон,
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон зинда бод!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»








Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври шукуҳманд таҷлил намуданд
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад






