Мактаб-интернати бачагони болаёқати шаҳри Роғун ба давраи зимистон омода аст
РОҒУН, 08.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Мактаб-интернати бачагони болаёқати шаҳри Роғун аз ҳисоби буҷаи маҳалӣ барои давраи зимистон зиёда аз 90 тонна ангишт ва миқдори зарурии орду картошкаю пиёз ва равғану сабзавот захира намудаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори мактаб-интернат Раҷабалӣ Хоҷаев иттилоъ дод.
«Айни замон синфхонаҳои муассиса ва хобгоҳи хонандагон гарм буда, 47 нафар хонанда, ки аз деҳаҳои дурдасти шаҳр барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати мазкур омадаанд, бо се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд»,-хабар дод манбаъ.
Дар муассисаи мазкур 583 нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 241 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон 27 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.