«Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — аксияи ҷавонон
ДУШАНБЕ,09.12.2016./АМИТ «Ховар»/. «Салом, модар! Ман туро дӯст медорам!» — таҳти чунин унвон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аксияи тарбиявӣ эълон намуд, ки ҳадафи он эҳтиром ва бузургдошти модар, афзун намудани муҳаббати ҷавонону наврасон ба волидайн мебошад, ки яке аз суннатҳои азалии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар хабар доданд.
Барои иштирок дар аксияи мазкур, ки муддати як ҳафта идома хоҳад ёфт, сокинони касбу кори гуногун новобаста ба синну сол даъват карда шудаанд.
Масъулон ва волонтёрҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо телефони мобилӣ ва шиорҳои таблиғотӣ дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт гаштугузор намуда, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод месозанд, ки ба модари худ занг зада, аз меҳру муҳаббати худ бо ибораи зебои «Ало, салом модар! Ман туро дӯст медорам!» паём расонанд ва хотирашро шод гардонанд.
Вобаста ба ин аксия дар сомонаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ маводҳои таблиғотию даъваткунанда низ ҷой дода шудаанд, ки дар яке аз онҳо мехонем:
«Модар қимматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро бо оламу одам ошно месозад. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ ва тобу бардошти ӯ касро ба ҳайрат меорад. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид…».
Дар маводи дигар омадааст: «Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ одобу ахлоқ, донишу маърифат, сабақи накӯкорию ҷавонмардӣ, одаму одамгарӣ ва ватандӯстию шуҷоат мегирем. Канори модар нахустин мактаби омӯзиши мо ва мактаби бузургест. Ба зери болини кӯдак ниҳодани китоб ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад: модар мехоҳад, ки тифлаш сиҳату саломат ва бенуқс сабзида, айёми пирӣ мададгори ӯ гардад.
Оре, модар мисли Ватан ягона ва беҳамтост, тавре устод Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Ту монанди Замин танҳоӣ, Модар,
Ту монанди Замин яктоӣ, Модар!»
Бояд зикр намуд, ки аксияи мазкур, ки бори аввал аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад, қобили дастгирӣ ва пайравист ва доир кардани чунин маърака дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ аз аҳамияти калон бархурдор хоҳад буд.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






