ШСХК «Барқи Тоҷик»: Дастури Пешвои миллат ҷиҳати ба миқдори се соат зиёд кардани таъминот бо неруи барқ дар минтақаҳои кишвар аз имрӯз роҳандозӣ шуд!

Декабрь 9, 2016 11:03

ДУШАНБЕ, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирўз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре дар суханронии Сардори давлат зикр гардид: «Дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловаттсоат неруи барқ истеҳсол карда шавад».
Дар ин бора аз Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд.
Ҳамзамон Пешвои миллат дастур доданд, ки таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд карда шавад.
Роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» бо истифода аз шароиту имконияти истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ин дастури Пешвои миллатро аз имрӯз, 9 декабр амалӣ намуда, интиқоли барқро зиёд карданд. Акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.
Бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.
Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо мо дар тамос шавад. Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235-86-84; 610-60-50

barki-tochiklimit-sveta

Декабрь 9, 2016 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд