ШСХК «Барқи Тоҷик»: Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз соати 06-00 то 14-00 барқ дода мешавад

Декабрь 20, 2016 09:16

ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр, ки тавассути тамоми шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз соати 10-00 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман пешкаш мегардад, дар ҷумҳурӣ аз соати 06-00 то 14-00 барқ дода мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд.
«Ин тадбир ба он хотир роҳандозӣ мегардад, ки шаҳрвандони кишвар имкон пайдо намоянд аз Паёми Президент мустақиман огоҳ шаванд»,-шарҳ дод манбаъ.
Зимнан ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Декабрь 20, 2016 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид