Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи мошинҳои нав аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бо назардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳаммияти муҳим пайдо намудааст»,- зикр карданд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ин замина ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки масъалаи мазкурро бо назардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд.
«Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои мошинҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд»,-таъкид доштанд Президенти кишвар.
Зикр гардид, ки соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Вале шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардид.
«Бинобар ин ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд»,-супориш доданд Сарвари давлат.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






