Тоҷиддин Раҳимов: «Саҳна ҷойи муқаддас аст…»

Декабрь 10, 2016 08:40

ДУШАНБЕ, 10.12.2016./АМИТ «Ховар»/. Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф жанри Шашмақом аз зумраи ганҷинаи бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикии халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ба ёдгор мондааст. Баҳри боз ҳам бештар огаҳӣ ёфтан аз нозукиҳои ин жанри қадимӣ бо Тоҷиддин Раҳимов, сарояндагони Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и  Кумитаи телевизион ва радиои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардидем

АМИТ «Ховар»: Мегўянд, ки Шашмақом ганҷ аст, шоҳасари мусиқист. Шумо ба ин гуфтаҳо чӣ илова карда метавонед?

Т. Раҳимов: Дар ҳақиқат ҳам Шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рўй меорад, дунёи пур аз маърифату маъниро ба худ касб мекунад. Аз он рўзе, ки ман ба ин ганҷина рўй овардам, аз рўзе, ки аз устодонам Алмос Абдуллоев, Ҳотам Пўлодов, Носирҷон Саидов, Фурқат Саидов ва махсусан устодам  Музаффар Муҳиддинов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дарс  омўхтам, бисёр чизҳоро аз худ кардам. Санъати Шашмақом нутқи ҳунармандро бурро намуда, маънавиёти ӯро бою ғанӣ мегардонад. Аз ин рў беҳуда нагуфтаанд, ки Шашмақом ганҷинаи бебаҳост.

АМИТ «Ховар»: Шумо ғайр аз сурудҳои Шашмақом бо жанри халқӣ ва эстрадӣ низ тарона эҷод кардаед. Пас Шумо мусиқиро чун воситаи рӯзгузаронӣ истифода мебаред ё илҳом?

  Т. Раҳимов: Вақте бори нахуст ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи устод Мирзо Турсунзода омадам, ба хотири омўхтани жанри Шашмақом наомада будам. Он рўзе, ки бо устодон вохўрдаму онҳо садои маро гўш карданд, ба ман пешниҳод карданд, то ки бояд дар шуъбаи Шашмақом таҳсил кунам. Дар аввал розӣ нашудам, зеро медонистам, ки Шашмақом жанри мушкил ва мураккабест. Устодон мегуфтанд, ки садои хуб дорам ва Шашмақом санъати миллӣ, ганҷинаи ниёгони мост. Ба ман гуфтанд, ки агар ин жанрро аз худ кунам, бо дигар жанрҳо сароидани суруд бароям осон мешавад. Дар аввал хеле мушкил буд. Баъдан  фаҳмидам, ки воқеан санъати миллӣ шохаҳои пурпечу тоб доштаву садои сарояндаро ба дуриҳои дур мебурдааст. Сурудҳои эстрадие, ки бист сол пеш мехондам, аз сурудҳои ҳозираам ба куллӣ фарқ мекунанд. Бо гузашти солҳо садоям тобишҳои дигар пайдо карданд, зеро жанрҳои касбӣ санъате ҳастанд, ки ҷозибаҳои хоси худро доранду метавонанд садоро мукаммалу пурратар гардонанд. Вақте ба ансамбли «Шашмақом» ба кор  омадам, дар курси чорум таҳсил мекардам. Он вақт на ҳар кас ҷуръат мекард, ки дар байни устодони бузург кор кунад. Он вақт дар ин ансамбл  Мастона  Эргашева,  Ҳотам Пўлодов, Нигина Раупова, Шамсиддин Муҳиддинов, Гулбек Саодатшоев, Улфатмоҳ Мамаданбарова фаъолият доштанд. Хушбахтона, ман то имрўз дар ин даргоҳ фаъолият дорам. Аз омаданам аллакай 18 сол сипарӣ гаштааст, аммо ҳар мушкилие, ки пеш меояд, роҳи ҳалашро то ҳол аз устодон мепурсам. Мусиқӣ пеш аз ҳама илҳомбахши ман дар зиндагист, рўзгорамро бо санъати асил, мусиқиҳои дилпазир ранг мебахшам, зиндагиро бо мусиқӣ дўст медорам ва ҳаётамро бе он тасаввур карда наметавонам.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар мактабҳои мусиқӣ низ чун устод дарс мегўед. Ба назаратон имрӯз муносибати устоду шогирд дар кадом сатҳ қарор дорад?

Т. Раҳимов: Маҳз ин  мавзўъ имрўзҳо мушкили рўз гардидааст. Вақте ки донишҷў будем, ҳурмати шогирд ва устод дар зинаи баланд меистод. Зеро заҳмати устод аз падар зиёдтар аст. Беҳуда нагуфтаанд: «Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар». Дар кадом соҳае, ки инсон кор мекунад, вай бо кумаки устод пеш меравад. Бештари вақти одам барои омўхтан дар назди устод мегузарад. Бояд устодро эҳтиром кард, ҳурматашро ба ҷо овард. Имрўз сарояндагоне ҳастанд, ки дар назди як устод сабақ мегиранд, вале чун ном бароварданд, устоди худро фаромӯш карда, номи шахси дигареро, ки  кадом  як оҳангро барояшон эҷод кардааст, мегиранд. Онҳо намефаҳманд, ки ин корашон  чӣ гуна дили устодро пора мекунад. Аз ин рў устодон аз чунин шогирдони носипос дилсард мешаванд. Агар шогирдон ҳурмати устодро ба ҷо оранду қадр кунанд, устодон ҳатман онҳоро барои расидан ба  қуллаи мурод раҳнамун мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Тоҷиддин, мегўянд инсоне, ки аз суруду мусиқӣ огаҳ асту ғаввоси баҳри ҳунар гардидааст,  аз ў бадӣ намебарояд. Оё ин сухан рост аст?

Т. Раҳимов:. Ин гуфта асосан ба онҳое  тааллуқ дорад, ки бо матни баланд, ғазали воло  кор мекунанд. Ақлу заковат, маърифати баланд доранд. Таъсири сухани баланд, андарзи ниёгон дар вуҷуди онҳо эҳсос мешавад. Оне ки шоҳбайти беҳтарин, ғазали орифонаро суруда, ба шунаванда пешниҳод мекунад, албатта, аз ў бадӣ намеояд, ҳамеша ростқавлу  хирадманд мегардад.

АМИТ «Ховар»:  Барои Тоҷиддин Раҳимов саҳнаи ҳунар чист?

Т. Раҳимов: Саҳнаи ҳунар барои ман ҷойи муқаддас аст, ибодатгоҳи ман аст. На ҳар касе, ки рўйи саҳна меояд, шўҳрат пайдо карда метавонад. Рўйи саҳна омадану то дер мондан хеле мушкил аст, аммо аз саҳна рафтан хеле осон…

 

Мусоҳиб Гулрў НИЁЗОВА

 

Декабрь 10, 2016 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад