АДИБИ АМРИКОӢ БРЕД ГУЧ: «ЗОДГОҲИ РУМӢ ВОДИИ ВАХШ АСТ»

Январь 30, 2017 12:08

ДУШАНБЕ, 30.01.2017./АМИТ «Ховар»/. Нависандаи амрикоӣ Бред Гуч дар китоби наваш бо номи «Асрори Румӣ» навиштааст, ки муаллифи «Маснавии маънавӣ», ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико эътироф шудааст, дар водии Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст, на дар Балх. Дар ин бора  рӯзномаи машҳури амрикоӣ “Ню-Йорк Таймс”  (“New York Times”) хабар медиҳад.

Дар хабар омадааст: ҳафтаи гузашта нашриёти  «Harper Collins»-и ИМА китоби нави адиби маъруф Бред Гуч (Brad Gooch)-ро  бо номи «Rumi’s Secret: The Life of the Sufi Poet of Love» («Асрори Румӣ: Зиндагии суфӣ ва шоири Ишқ») иборат аз 377 саҳифа ба нашр расонид.  Бред Гуч дар ин китоб зиндагиномаи ибратангези Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ё Балхӣ, маъруф ба Мавлавиро рӯи қоғаз овардааст (дар акс).

Муаллиф навиштааст, ки Мавлавӣ, ки имрӯз пурхонандатарин шоир дар Амрико ҳисоб мешавад,  соли 1207 дар як деҳаи тоҷикнишини водии Вахши  Тоҷикистони имрӯза ба дунё омадааст, на дар Балхи Афғонистон, ки бисёриҳо гумон мекунанд.

«Асрори Румӣ» китоби тарҷумаиҳолист ва беш аз 3000 километр роҳеро, ки ин шоири розҳо аз даврони кӯдакиаш дар водии Вахш, фирори хонаводаи онҳо аз урдуи муғулҳои Чингизхон ба Ховари Миёна, солҳои таҳсилаш дар Димишқу Ҳалаб ва авҷи шӯҳраташ дар Қуния, шаҳре дар қаламрави Туркия кунунӣ, ки он даврон пойтахти салтанати Салҷуқиҳо буд, ба риштаи тасвир кашидааст. Бред Гуч ҳамчунин муносибати Румӣ бо Шамси Табрезиро шарҳ дода,  навиштааст, ки  “ба таври мармуз ғайб задани ин пири ирфонӣ шояд ба он мақсад буд, ки Шамс мехост сабақе дигар барои Мавлоно бидиҳад, сабақи ҷудоӣ”.

Ислом дар тасаввури Мавлавӣ, навиштааст  Бред Гуч, дини Ишқ буд, Ишқе ки аз ҳама дину мазҳаб болотар меистад.  Бред Гуч васфу тараннуми ин Ишқи авло дар ашъори Мавлавӣ, бахусус дар 6 ҷилди «Маснавии маънавӣ»-ро бо он оташи ҷанге, ки имрӯз дар Ховари Миёна баланд шудааст ва Ҳалаб – макони навҷавонии Мавлавиро низ ба коми худ фурӯ бурдааст, муқоиса мекунад ва инро аломати аз фалсафаи ин пири тасаввуф дур рафтани Шарқу дунёи Ислом медонад.

Бред Гуч изҳори ҳайрат кардааст, ки чӣ асроре дар каломи Мавлавӣ нуҳуфтааст, ки бо гузашти 8 аср шеъри ӯ ҳамчунон ҷаззобу пуртарафдор боқӣ мондааст ва имрӯз дар Амрико аз Румӣ дида пуртарафдортар шоире нест ва дар ҷашнҳои чӣ арӯсиву чӣ зодрӯз ва чӣ дар лаҳазоти сахти зиндагии худ миллионҳо нафар ҳамчунон ба ашъори ин Пири тасаввуф  муроҷиат мекунанд. Ошиқон аз шеъри Румӣ, ба навиштаи Бред Гуч, маҳрами роз, дармондагон таскин ва мискинон давои мушкили худро меҷӯянд.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ соли 1207 ба дунё омада, аз маъруфтарин шоирон ва мутафаккирони форсизабони қуруни вусто ба шумор меояд. Аз ӯ осори зиёди фиқҳиву фалсафӣ низ мерос мондааст. Вале Мавлавиро бештар бо ашъори сӯфиёнааш, бахусус бо «Девони Кабир» ва «Маснавӣ»мешиносанд. Манзалати шеъри Мавлавӣ ба ҳадде буд, ки як шоир «Маснавии маънавӣ»-и ӯро ҳатто бо «Қуръон», китоби муқаддаси мусалмонҳо қиёс кардааст:

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ

Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ.

Мавлавӣ соли 1273 дар Қуния вафот кард ва дар ҳаминҷо дафн шудааст.

Румӣ дар Туркияи имрӯза аз маҳбубияти вижае бархӯрдор буда, ҳар сол мазори ӯро дар Қуния (дар акс) то 2 миллион нафар зиёрат мекунанд.

Иддае аз донишмандони тоҷик бар ин назаранд, ки дар асрҳои миёна Балх ҳудуди хеле бештар аз вилояти имрӯзаи Балхи Афғонистонро дошт ва марзҳояш водии Вахши Тоҷикистонро низ дарбар мегирифт. Аз ин лиҳоз дар байни донишмандони Тоҷикистон низ ақида дар бораи он ки Мавлоно  дар водии Вахш ба дунё омадааст, роиҷ аст.

Хотиррасон менамоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 ноҳияи собиқи Колхозободро ноҳияи Ҷалолидини Румӣ ва баъдтар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ кард ва дар маркази ин ноҳия муҷассамаи Мавлоно (дар акс) низ қомат афрохт.

Январь 30, 2017 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд