Агентии обуҳавошиносӣ аз хавфи фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад

Январь 4, 2017 09:23

ДУШАНБЕ, 4.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ сокинони кишварро аз хавфи фаромадани тарма дар ноҳияҳои кӯҳӣ хабардор мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид буда, дар баъзе минтақаҳо бориши борону барф дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 7 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 5 то 10 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Дар баландиҳои 2000 метр бориши барф пешгӯйӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар ноҳияҳои алоҳида бо суръати аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 3 дараҷа хунукӣ то 2 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони пуршиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.

Январь 4, 2017 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид