Ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» дар Ӯзбекистон аз муоинаи техникӣ гузашт

Январь 23, 2017 16:48

ДУШАНБЕ, 23.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» соли гузашта тибқи қарордод оид ба ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳавопаймои худро дар ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ» аз муоинаи техникӣ гузаронд. Дар ин бора директори генералии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
«Тавре маълум аст, Ӯзбекистон аз ҷиҳати истифодаи ҳавопаймоҳои калонҳаҷм, таъмир ва омӯзиш ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҳамин сабаб мо муоинаро дар ин кишвар гузаронидем. Ҳарчанд «Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба самти Ӯзбекистон ба роҳ намонад ҳам, соли гузашта бо ширкати Ӯзбекистон қарордод оид ба ҳамкориро ба имзо расонида буд. Агар масъалаи раводид ҳал шавад, мо имкон дорем ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Бухоро хатсайр ифтитоҳ намоем»,-илова намуд Хайрулло Раҳимов.
Дар айни замон иҷозат барои парвоз ба Ӯзбекистон ба ширкати ҳовопаймоии Тоҷикистон «Сомон эйр» дода шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба самтҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Бишкек, Алмаато, Теҳрон ва Ҳиндустон парвозҳоро ба роҳ мондааст.

Январь 23, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд