Дар ноҳияи Файзобод гурӯҳи корӣ Паёмро шарҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 12.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоикистон Бахтиёр Худоёрзода, сарходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев, сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ашуров, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайрулло Асозода, раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, фаъолону ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва занону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия оид ба тафсири Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад баргузор гардид. Дар ин бора мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Розия Қаландарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар ҷамъомад меҳмонон роҷеъ ба се қисми асосии Паём- ҷамъбасти дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, натиҷаҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2016 ва муаррифии афзалиятҳои рушди кишвар дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сухан гуфта, ба саволҳои сокинони ноҳия ҷавобҳои мушаххас доданд.
Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Бахтиёр Худоёрзода то 18 январи соли 2017 ҷиҳати шарҳ додани Паёми Пешвои миллат бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Файзобод вохӯриҳо доир менамоянд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






