Дар ноҳияи Шуғнон дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият шурӯъ кард
ХОРУҒ, 16.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бинокорони ҶДММ «Шариф» сарфи назар аз фасли сармо корашонро қатъ накарда, бинои дидбонгоҳи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳуриро дар маркази ноҳияи Шуғнон-шаҳраки Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд. Сардори ин ҷамъият Шероз Абдуллоев гуфт: «Мо ба бунёди бино моҳи майи соли равон шурӯъ кардем. Дар муддати 8 моҳ онро бо сифати хуб дар ихтиёри Раёсати Хадамоти оташнишонии ВМКБ гузоштем. Дар ин бино ҳам барои фаъолияти пурсамари ҳайати роҳбарикунанда ва ҳам гурӯҳи сӯхторнишонҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Утоқҳо гарму васеъ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Дар дохили бино ҳамчунин ошхона ва хобгоҳ мавҷуд аст».
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВМКБ Анвар Шолангаров ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои сохтмони ин бино дуюним миллион сомонӣ ҷудо кард, изҳори минатдорӣ намуд. Ба гуфтаи сардори раёсати мазкур, бо ба итмом расидани сохтмон мошини нави оташнишонӣ ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ ҳарид ва дастраси кормандони ин дидбонгоҳ гардид.
Ду сол қабл дар ҷамоати Навободи ин ноҳия як дидбонгоҳ навсозӣ ва бо иловаи чанд воҳиди корӣ мавриди истифода қарор гирифта буд.








Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






