Фаъолияти самарабахши волонтёрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита бо аъзои Клуби волонтёрони назди Кумита баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аъзои Клуб, маҳфили стипендиатҳои ҷавон ва дигар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ доир ба фаъолияти Клуби волонтёрон сухан гуфт. Мавсуф вобаста ба фаъолияти самарабахши волонтёрон ва иштироки онҳо дар барномаҳои оммавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳарф зада, барои саҳми назаррас ва иштироки фаъолонаи волонтёрон дар гузаронидани барномаҳои гуногун ба онҳо изҳори сипос намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти волонтёрӣ, лоиҳаи низомномаи Клуб, нақшаи кори Клуб барои семоҳаи аввали соли 2017 ва талаботи волонтёрӣ баррасӣ шуданд.
Имрӯз теъдоди аъзои Клуби волонтёрони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зиёда аз 150 нафарро ташкил дода, дар Соли ҷавонон ин теъдод зиёд карда мешавад.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






