«Манчестер Сити» омода аст Мессиро харидорӣ кунад

Январь 19, 2017 11:14

МессиДУШАНБЕ, 19.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Манчестер Сити»-и Англия омода аст барои харидани ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва КФ «Барселона» Леонел Месси 115 миллион евро ҷудо намояд. Дар ин бора « The Sun » хабар медиҳад.
То ҳол «Манчестер Сити» расман чунин пешниҳод накардааст, аммо зимни гуфтушунид барои ин бозингари 29-солаи аргентинагӣ ин рақамҳо пешниҳод шудаанд.
Агар ин нақша амалӣ гардад, пас дар таърихи футболи ҷаҳон трансфери аз ҳама гаронтарин ба қайд гирифта хоҳад шуд. Тобистони соли гузашта нимҳимоятгари фаронсавии «Ювентус» Пол Погба ба маблағи 105 миллион евро ба дастаи «Манчестер Сити» гузашт ва рекорди гаронтаринро ба номи худ мӯҳр зад.
Месси дар ҳайати дастаи «Барселона» 8 маротиба соҳиби унвони чемпионӣ ва 4 карат барандаи ҷоми ин кишвар гардида, 4 дафъа бо «Барселона» ҳамчун қаҳрамони Лигаи чемпионҳои Аврупо шинохта шуд. Ӯ дар мавсими соли равон дар 24 бозии «Барселона» иштирок карда, 27 гол задааст ва ҳаммуаллифи 9 голи дигар мебошад.

Январь 19, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд