Пагоҳ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Вазорати молия ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
ДУШАНБЕ, 25.01.2017 /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 27 январи соли равон нишастҳои матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Зимни нишастҳо роҳбарони ин ниҳодҳо аз дастовард ва камбудиҳои соҳаи худ ба хабарнигорони ВАО гузориш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 9:00 дар толори Агентӣ, кӯчаи Карамов 20, нишасти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 дар толори Вазорати молия, нишасти Раёсати Филиали Донишгоҳи давлатии Москва соати 10 дар бинои худи Донишгоҳ ва нишасти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» доир мегарданд.
Барои гузаронидани нишастҳои матбуотӣ вазорату идораҳо метавонанд бо Маркази матбуоти АМИТ «Ховар» бо рақами телефони 918-21-52-04 тамос гиранд.








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






