Ш. Орумбекзода: «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик тартиб дода шуд»

Январь 20, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 20.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бино ба гуфтаи Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 шакли мукаммали «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик» тартиб дода шуд. Феҳристи мазкур 515 унсури намунаҳои фарҳанги ғайримоддиро дар ҳудуди Тоҷикистон дар бар мегирад ва он яке аз қадамҳои устувори ҳимоят, таблиғ ва густариши намунаҳои фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Вазир ин суханонро имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг баён дошта, зикр кард, ки имсол Вазорати фарҳанг ба СММ рӯйхати 10 намуди арзишҳои миллиро пешниҳод кардааст. Онҳо ҳоло дар ҳоли таҳлилу баррасӣ қарор доранд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 2020 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 1278 адад бостонӣ, 441 адад таърихию монументалӣ, 300 ёдгории меъморӣ, 220 шаҳру шаҳракҳои қадимӣ, 83 адад конҳои қадимӣ, 70 қалъа, 110 мақбара ва масоҷиди таърихӣ, 43 катибаи рӯисангӣ, 15 тасвири рӯисангӣ, 654 макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида ворид карда шудаанд.

Январь 20, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад