Шӯрои ҷамъиятӣ — ниҳоди таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ

Январь 28, 2017 12:59

Professor MahmadovДУШАНБЕ, 28.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Cуханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017 дар «Кохи Наврӯз» як таҳлили пурмуҳтаво ва консептуалие буд, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишварро дар бар мегирифт.

Президенти кишвар зикр намуданд, ки «Шӯрои ҷамъиятӣ тамоми неруи зеҳнии худро ба таблиғи дастовардҳои замони Истиқлолият равона сохта, дар баланд бардоштани сатҳи маърифату  маънавиёт ва фарҳанги сиёсии ҷомеа, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ, тарбияи мардум, алалхусус ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ саҳми арзанда мегузорад». Ҳамзамон, мақом ва нақши Шӯрои ҷамъиятиро дар раванди демократикунонии ҷомеа таҳлил карда, ишора намудаанд, ки дар айни ҳол, дар кишвари мо ҳафт ҳизби сиёсӣ ва дувуним ҳазор созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки  онҳо аз набзи ҷомеа ҳамеша бохабар буда, барои озодии сухан ва демократикунонии  ҷомеа кӯшиш  менамоянд. Яъне дар зарфи 20 соли фаъолият Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун муколамаи байни Ҳукумат ва дигар  қишрҳои ҷомеа  мунтазам  фаъолият кардааст. Президенти кишвар дар баромадашон  қайд намуданд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ  вазифаи таърихии худро иҷро карда тавонист. Ҳамчунин ишора шуд, ки чи қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, ҳамон қадар давлат пурқувват мешавад.  Мо бояд камбудиҳои худро худамон ислоҳ намоем. Аз ин ҳаросидан мумкин нест.

Баъдан дар бораи воқеаҳои нави ҷаҳонӣ маълумот дода,  мисол оварданд, ки имрӯз он воқеаҳои нохуше, ки мо замоне аз сар гузаронидем, айнан дар Сурия гузашта истодаанд. Аз ин рӯ, таъкид намудаанд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар таълиму тарбияи фарзандон нақши муҳим дошта бошем.

Пешвои миллат дар Кохи Навруз

Инчунин вобаста ба даргириҳо ва низоъҳои баъзе  кишварҳои арабӣ мақолеро пеши рӯ оварданд, ки «Ҳар буттае, ки оташ мегирад, худаш медонад, ки чи гуна месӯзад». Ин ҳаракатҳо ва  ҷангҳои таҳмилӣ ба дини ислом ягон иртиботе надоранд ва ширкати баъзе ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик дар сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» бадбахтиест, ки пеши роҳашро ҳатман бояд гирифт.

Дар баробари ин Пешвои миллат бештар дар бораи бегонапарастӣ, мазҳабфурӯшӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои бегона, маводи мухаддир ва  коррупсия  суханронӣ намуда,  таҳдидҳо ва хавфу хатарҳои ҷаҳони муосирро бо диди нав ва мисолҳои мушаххас  пешкаши аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ  ва дигар иштироккунандагони  ин машварат гардониданд.

Дар охир Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун  Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки   Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон ҷоннок гардида, ба он бештар ҷавонони соҳиблаёқат ҷалб карда шаванд.

Муҳаммад АБДУРАҲМОН,

директори  Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови  АИ ҶТ

Январь 28, 2017 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд