Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ имконпазир гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ Ховар/. Тавре аз Маркази матбуоти филиали Ширкати «IRS» иттилоъ доданд, бо мусоидати кормандони филиали Ширкати мазкур роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ аз барфу тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид.
«Дар навбати аввал автомобилҳое, ки дар ноҳияи Айнӣ ҷамъ шуда буданд, ҷониби Душанбе роҳсипор гардиданд. Эхтимол аст, ки шурӯъ аз соати 18- и бегоҳии ҳамин рӯз ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардад. Эҳтимол доштани иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мавҷудияти хавфи фаромадани тармаҳо рабт дорад. Давоми даҳ рўзи охир, ки боришоти шадиди барф ва тармафароӣ дар масири роҳ падидаи маъмул буд, техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкати «IRS» беист фаъолият дошта, бо мусоидати онҳо нақлиёту мусофирони ба мушкил мувоҷеҳшуда аз банди барф озод шуданд. Дар айни ҳол дар километрҳои 48- 73-юми роҳи мазкур зиёда аз 35 техникаи пуриқтидори филиали Ширкат баҳри бартарфсозии пайомадҳои офати табиӣ фаъолияти муназзам доранд», — иттилоъ дод манбаъ.








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






