Чаро терминалҳои пардохти пули телефон аз кор бозмондаанд?

Февраль 28, 2017 11:41

ДУШАНБЕ, 28.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Cокинони пойтахт таи чанд рӯз аст, ки аз фаъол набудани терминалҳои пардохти пули телефон азият мекашанд. Бино ба гуфтаи сокини пойтахт Бахтиёр, вай ду рӯз аст, ки тамоми шаҳрро давр зада, ягон терминали коршоямро наёфтааст. «Ман барои пардохти пули телефон маҷбур ба дафтари ширкати «Babilon» рафтам. Дафтари ин ширкат пур аз муштариён буд ва ман қариб ду соат дар навбат истодам. Пардохт тариқи терминал кори муштариёни телефонҳои мобилиро хеле осон карда буд, акнун мардум маҷбур чанд соати худро дар навбат мегузаронанд»,-афзуд Бахтиёр.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси муроҷиатҳои воридгардида хадамот таҳлилу омўзиши хизматрасониҳои терминалҳоро ҳангоми пардохти маблағҳои пулӣ ба аҳолӣ гузаронид.
Муайян гардид, ки тибқи талаботи банди 14 боби 4 «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ карда шудааст, бояд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.
Мутаассифона, аз ҷониби аксарияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори молӣ бо хизматрасонии терминалҳои пардохти пулӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд, талаботи Тартиби мазкур риоя нагардида, ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ ситонида мешавад. Амали мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро поймол намуда, боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад. Зеро, тибқи талаботи моддаҳои 3 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад. Инчунин омўзиш нишон дод, ки дар интерфейси монитори терминалҳо барои маълумоти муштариён Аҳдномаи оммавӣ — оферта дар шакли электронӣ ва нархномаи ситонидани фоизҳои комиссионӣ барои пардохти маблағ пешниҳод карда шудаанд.
Вобаста ба ин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ 14 феврали соли 2017 бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ҶДММ ТАҚХ «Авфар», ҶДММ «Пардохти фаврӣ», ҶДММ ССП «Пайванд», ҶДММ «Юнипей», ҶДММ «Эмон», ҶДММ «Паймон СМТ» ва ҶДММ «Пардохт ТҶ» (Тоҷ Пей) ҷаласа баргузор карда шуд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Хадамот ба ҶДММ «Леваканд тиҷорат» ва ҶДММ «Боварӣ-М» ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Тартиби мазкур мактубҳои расмӣ ирсол карда шуданд.
Ҳамчунин ба операторони алоқаи барқӣ, аз ҷумла ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶММ ҶМ «Тоҷикмобайл», ҶСП «Телеком Технолоҷӣ» ҶСП «Вавилон Мобайл», ҶСП «ТК Мобайл» мактубҳои расмӣ ирсол гардиданд, ки дар шартномаҳои амалкунанда бо субъектҳои хоҷагидори дар самти хизматрасонии терминалҳо фаъолияткунанда, фавран тағйиру иловаҳо оид ба қатъ намудани ситонидани фоиз барои қабули пардохт ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) дароварда шавад.
Аз маълумоти пешниҳодгардида, инчунин мушоҳидаҳо бармеояд, ки айни ҳол аз ҷониби ҷамъиятҳои номбурда тавассути терминалҳо ҳангоми пардохти маблағ ситонидани фоиз аз муштариён қатъ карда шудааст ва масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад.
Тавре ки аз Ширкати ҶДММ «Таком» (Билайн) ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муштариёни ин ширкат низ дирӯз бо ин мушкилӣ дучор гаштанд. «Моро касе пештар огоҳ накард. Ба андешаи мо ин кори субъектҳои хоҷагидор буда, бо ин роҳ онҳо мехоҳанд даромади худро зиёд кунанд. Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаем, то ин мушкилиро ҳарчи зудтар бартараф созем. Мо тамоми муштариёни ширкатро дар бораи он ки дар куҷо метавонанд маблағи телефонро пардохт кунанд, огоҳ карда истодаем. Яъне онҳо дар дафтарҳо ва нуқтаҳои хизматрасонии Билайн, нуқтаҳои диллерӣ, тариқи кортҳои пардохтӣ метавонанд ҳисоби телефонашонро пурра намоянд. Инчунин дорандагони кортҳои бонкии Visa, MasterCard, Корти миллӣ метавонанд дар бонкҳои «Эсхата», «Агроинвестбонк», «Имон Интернейшнл» ва «Казкомбонк» ҳисоби телефонҳои худро пурра намоянд»,-илова намуд котиби матбуотии ин ширкат Мария Виторазӣ.

Февраль 28, 2017 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид