Дар Туркия маҷаллаи «Тоҷикистон» ба табъ расид

Февраль 11, 2017 10:38

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Туркия бахшида ба «25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия» маҷаллаи «Тоҷикистон» бо теъдоди 67 ҳазор нусха аз чоп баромад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, маҷаллаи мазкур дар ҳамкории сафорат бо Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Туркия (DEIK) ва рӯзномаи иқтисодӣ-сиёсии «Дунё» 9 феврал ба табъ расид.
Дар мақолаҳои маҷалла ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия, имконияти рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, зарурати ҳамкориҳои муштарак дар татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон тасвир гардидааст.
Муҳтавои мақолаҳои маҷалла аз мавҷудияти иқтидори фаровони ду кишвар ва омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои фарогир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад.

Февраль 11, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд