Доварони бозии «Дордой» ва «Ҳосилот» таъйин шуданд
ДУШАНБЕ, 10.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии байни дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва «Ҳосилот»-и Тоҷикистонро дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки дар варзишгоҳи шаҳри Ӯш, 21 феврал соати 13 ба вақти Душанбе барпо мегардад, доварон аз кишвари Чин бо роҳбарии Ванг Ди ҳакамӣ мекунанд.
Ба ӯ Сян Ши ва Чжан Чен ҳамчун доварони канорӣ кумак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ аз Покистон-Муҳаммад Аҳмад Рауф таъйин шудааст.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






