«Кӯктош» соҳиби роҳхати аввалин ба бозиҳои ниҳоӣ аз гурӯҳи «А» гардид

Февраль 6, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 06.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз гурӯҳи «А»-и бозиҳои интихобии Ҷоми ФФТ дар  минтақаи Душанбе аввалин шуда, ба бозиҳои ниҳоӣ  роҳхатро ба даст овард. Футболбозони «Кӯктош» дар бозии охирини худ дастаи «Локомотив-Помир»-ро бо натиҷаи 6:0 шикаст доданд ва соҳиби 9 имтиёз гардиданд.

Имрӯз барои роҳхати дуюм дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Ваҳдат» бо «Регар-ТадАз» ва КМВА «Помир» бо «Локомотив-Помир» вориди майдон мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ аз се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон роҳхат мегиранд.

 

Ҷоми ФФТ. Минтақаи марказ. Гурӯҳи «А»

 

 

    Б Ғ М Б Т\т И
1 «Куктош» (Рудаки) 4 3 0 1 12-3 9
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) 3 2 1 0 6-1 7
3 ССКА «Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 3-1 4
4 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 1 0 2 6-11 3
5 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 3 0 0 3 2-13 0

 

 Гурӯҳи «Б»

 

    Б Ғ М Б Т\т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 3 3 0 0 11-0 9
2 «Хайр» (Ваҳдат) 3 2 0 1 4-3 6
3 «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 0 2 3-11 3
4 «Барқчӣ» (Душанбе) 3 0 0 3 1-5 0

 

Февраль 6, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад