Комроншоҳи Устопириён дар Париж ҳафтум шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Париж мусобиқаи байналмилалии дзю-дочиён бо номи «Paris judo Grand Slam» («Тоскулоҳи бузурги дзю-до») ба анҷом расид. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар ин мусобиқа ба гирифтани мақоми ҳафтум сазовор шуд.
Ба иттилои торномаи мусобиқа, дар қуввасанҷии мазкур, ки рӯзҳои 11-12 феврал гузашт, 409 варзишгар (259 мард ва 150 зан) аз 61 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор гӯштингир иштирок карданд. Танҳо Комроншоҳи Устопириён муваффақ гардид, ки натиҷаи хубтар нишон диҳад. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар ду қувваозмоӣ бар рақибонаш Зачари Бурт аз Канада ва Самули Виитанен аз Финландия пирӯз шуд. Вале баъдан Комроншоҳ аз Хинзао Ченг аз Чин ва Бека Гвиниашвили аз Гурҷистон мағлуб ва дар натиҷа ҷойи ҳафтумро соҳиб гашт. Дар ин вазн Хинзао Ченг, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Аксел Клергети фаронсавӣ ғолиб омад, мақоми аввалро касб намуд.
Акмал Муродов, ки дар вазни то 81 кило ҳунарнамоӣ кард, дар нахустин қувваозмоияш бар Николас Долпополо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дастболо шуд ва дар даври баъдӣ аз Дагвасурен Нямсурени муғул шикаст хӯрд. Дар ин вазн боз як гӯштингири тоҷик Сафарбек Муродов низ иштирок кард ва дар даври аввал аз Аттила Унгвари аз Венгрия мағлуб шуд. Ба Абдулваҳҳоб Сатторов дар вазни то 100 кило муяссар нашуд, ки бар паҳлавони ӯзбекистонӣ Соиб Қурбонов ғалаба кунад.
Дар натиҷа дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (7 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро аз худ кард.
Ҷадвали раддабандии медалҳо то ҷои панҷум чунин аст:
тилло нуқра биринҷӣ ҷамъ
Япония 7 4 2 13
Кореяи Ҷанубӣ 2 1 2 5
Франсия 1 4 6 15
Ҳоланд 1 0 2 3
Косово 1 0 1 2
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа миёни мардон:
60 кг
1. ТОКАТА Наохиса (Япония)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Ӯзбекистон)
3. ПАПИНАШВИЛИ Амиран (Гурҷистон)
3. САФАРОВ Орхан (Озарбойҷон)
66 кг
1. АБЕ Хифуни (Япония)
2. АРДАНОВ Анзаур (Россия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)
3. ШИХАЛИЗОДА Няд (Озарбойҷон)
73 кг
1. ХАШАМОТО Соичи (Япония)
2. АН Чангрим (Кореяи ҷанубӣ)
3. БУТБУЛ Тохар (Исроил)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)
81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Ҳоланд)
2. РЕХВИАШВИЛИ Забеда (Гурҷистон)
3. НДИАЙЕ Папе Доудоу (Франсия)
3. ПИРРЕ Баптисте (Франсия)
90 кг
1. ЧЕНГ Хунжао (Чин)
2. КЛЕРГЕТ Аксел (Франсия)
3. ГВАК Донгхан (Кореяи ҷанубӣ)
3. ЗГАНК Михаел (Словения)
100 кг
1. ИИДА Кентаро (Япония)
2. МАРЕТ Кирлле (Франсия)
3. ФОНСЕКА Ҷорҷ (Португалия)
3. ЛИПАРТЕЛИАНИ Варлам (Гурҷистон)
+100 кг
1. ОҶИТАНИ Такеши (Япония)
2. ШИЧИНОЕ Риу (Япония)
3. СИЛВА Рафаел (Бразилия)
3. УЛЗИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






