Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар Бошгоҳи варзишию техникии ВМКБ

Февраль 17, 2017 09:25

ХОРУҒ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бошгоҳи техникию варзишии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни панҷ муассисаи таълимии шаҳри Хоруғ аз намудҳои тирпарронӣ, ба рӯй кашидани ниқоби газӣ ва пайваст кардани автомати Калашников баргузор шуд. Сардори Бошгоҳи техникию варзишии вилоят Носир Мамадназарбеков изҳор дошт, ки  яке аз вазифаҳои асосии мо ин омода кардани наврасону  ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад. Дар ин сабқат зиёда аз 50 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат доранд ва ҳамаи онҳо дар давоми чанд моҳ ҳамроҳи мутахассисон ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар бошгоҳ  тамрин намуданд.

Аз намуди тирпарронӣ хонандаи синфи нуҳуми муассисаи таҳсилоти умумии рақами чоруми шаҳр Варқа Сайналиев мақоми аввал ишғол карда, бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гашт. Омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбии ин таълимгоҳ Зокир Танибеков нақши Бошгоҳи техникию варзишии Ташкилоти Ҷамиятии Мададгори Мудофиаро дар тарбияи ҳарбӣ -ватандӯстии хонандагон ва ба хизмати Модар- Ватан тайёр намудани онҳо муассир хонда, баён дошт, ки «аксарияти шогирдони собиқашон аз мактаби ин бошгоҳ гузаштаанд ва  назар ба гуфтаи онҳо, ҳангоми иҷрои машқҳои тактикӣ худро  хеле озоду роҳат ҳис кардаанд. Дар ин ҷо ҳамчунин маҳфилҳои «Десантчиёни ҷавон», «Алоқачӣ», «Ронанда» амал мекунанд ва хонандагони мо ҳафтае се маротиба дар ин маҳфилҳо ширкат мекунанд».

Сардори Бошгоҳи техникию варзишии  ТҶММ ба омӯзгорони фаъоли фанни омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ ифтихорномаҳо тақдим намуд.

 

Февраль 17, 2017 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд