«Суди девонагон»-и театри Конибодом дар Фестивали байналмилалии Ҳиндустон намоиш дода шуд

Февраль 22, 2017 17:27

ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 21 феврали 2017 дар Ҳиндустон Фестивали байналмилалии «Bharat Rang Mahotsav», ки бо мақсади рушди санъати театрӣ дар Ҳиндустон аз ҷониби Маркази миллии драматургияи Ҳиндустон ташкил шудааст, баргузор гардид.
Ҳамасола дар ин фестивал садҳо намоиши беҳтарини театрҳои Ҳиндустон ва кишварҳои дигари Осиё иштирок мекунанд. Дар қатори даҳҳо кишварҳои хориҷӣ аз Осиёи Миёна танҳо аз Тоҷикистон Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо спектакли «Суди девонагон», ки аз рӯи асарҳои Шекспир «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир» ба саҳна гузошта шудааст, иштирок кард. Намоишҳои асосӣ дар Деҳлии Нав ва ҳамзамон дар панҷ шаҳри Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуданд.
Спектакли Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом 13 феврал дар шаҳри Ҳайдаробод ва шоми 16 феврали соли 2017 дар саҳнаи Маркази миллии драматургияи Ҳиндустон дар Деҳлии Нав ба намоиш гузoшта шуд.

Февраль 22, 2017 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд