Таъсиси гурӯҳи кории соҳаи варзиш баҳри иҷрои дастурҳои Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15 феврали соли равон дар толори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумита бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо масъулин ва фаъолони шаҳри Душанбе иброз намуданд, ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа Аҳтам Абдуллозода иброз намуд, ки зимни мулоқот Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо масъулин ва фаъолони шаҳри Душанбе дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, ҷиҳати оммавигардонии он, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону тоҷирони бонангу номус, бунёди мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, толорҳо ва майдону марказҳои варзишӣ, инфрасохтори туристӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, мусоидат ба густариши тарзи ҳаёти солим ва мақсаднок ба роҳ мондани фаъолияти муассисаву марказҳои варзишӣ, инчунин танзими нархи хизматрасонӣ барои наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас доданд.
Дар робита ба ин мулоқот барои амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи бартарафкунии камбудиҳо ва таъмини иштироки оммавии сокинон дар машқҳои пагоҳирӯзӣ, саҳни хобгоҳи донишгоҳу донишкадаҳо, майдончаҳои гуногуни варзишии маҳаллаҳо, ҷалби бештари дастпарварони муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва олӣ ба он, ҷиҳати таҷлили рӯзи шанбе ҳамчун рӯзи варзиш ва солимгардонӣ тасдиқ гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






