З. Ализода: «Мо нисбат ба тақдири кӯдакони Сурия бетараф нестем»
ДУШАНБЕ, 03.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба тақдири кӯдакони тоҷик дар Сурия мо бетараф нестем ва баҳри баргардонидани онҳо ба Ватан тадбирҳои зарурӣ меандешем. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иброз дошт.
Ба иттилои Ваколатдор, дар айни замон 204 кӯдаконе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо падару модаронашон дар Сурия қарор доранд.
Ҳамчунин Зариф Ализода зикр кард, ки соли 2016 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3558 адад муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2015 -ум 84 муроҷиат бештар мебошад.
Бино ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, он муроҷиатҳое, ки ба онҳо ворид гардидаанд, асосан оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба таъминот аз ҷониби падару модар, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқ ба таҳсил мебошанд.
«Cоли сипаригардида мо бештар ба масъалаҳои амалӣ рӯ оварда, дар маҳаллаҳо санҷишу мониторингҳо гузаронидем, ки натиҷаовар буданд. Ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон мо корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем»,-илова намуд З. Ализода.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






