Барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» байни наврасону духтарон мусобиқаи теннис оғоз гардид

Март 22, 2017 09:59

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 марти соли равон дар «Қасри теннис»-и шаҳри Душанбе маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни наврасону духтарон барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» доир гардид.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2,  Хатлон-2 ва Суғд  иштирок доранд.

Мусобиқа то 24 март идома ёфта, ғолибон бо ҷоми «Пойтахт  2017», медал ва дипломҳои дараҷавӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Мусобиқаҳои  кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ, волейбол байни бонувон ва теннис байни наврасону духтарон бо  ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт -2017» роҳандозӣ шудааст .

Март 22, 2017 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд