Бознашри ғазалиёти Бедил дар Душанбе

Март 17, 2017 17:24

ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо кӯшиши пажӯҳишгари тоҷик Қиёмиддин Наимзода «Гузидаи ғазалиёти Бедил» бознашр гардид. Дар китоб 142 ғазали шоир ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мирзо Абдулқодири Бедил бо тасҳеҳи матн, интихоби ному шуморагузории ғазалҳо, мушаххас кардани вазну қофия ва ҳамзамон таъйин кардани баҳрҳои арӯзӣ нашр шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур 12 сол муқаддам аз ҷониби «Анҷумани дӯстдорони Бедил» рӯи чоп омада буд.
Мирзо Абулқодири Бедил аз шоирони машҳури форсизабони Ҳинд буда, дар ин сарзамин ба дунё омадаю ба камол расидааст. «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Тури маърифат», «Чор унсур» ва «Ирфон» асарҳои шоир буда, муҳақиқон тамоми ашъори Бедилро беш аз 140 ҳазор байт арзёбӣ менамоянд.

Март 17, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд