Дар Душанбе машваратҳои байнивазоратии Тоҷикистон ва Фаластин баргузор гардиданд

Март 30, 2017 09:44

ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 29 марти соли 2017 таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва муовини Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Мозен Шомия нахустин машваратҳои байниидоравӣ баргузор шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар машваратҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, барқарор намудани робитаҳои доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ, инчунин таҳияи санадҳои дуҷониба ҷиҳати тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Фаластин баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон ва ҳамкории ҷонибҳо дар ҳошияи СММ, СҲИ ва МҲТБО табодули назар сурат гирифт.

Март 30, 2017 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд