Коршиносон ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодиро баррасӣ менамоянд
ДУШАНБЕ,30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Миёнаи моҳи апрел дар Душанбе дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир мегардад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин конфронси байналмилалӣ мебошад.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар конфронс дар радифи кормандони вазорату идораҳои кишвар ва донишмандону коршиносони бахши иқтисодии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносони соҳа аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо ва ҳамоишҳо гузаронида шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






