Пешвои миллат: «Зарурати пайдо намудани василаву заминаҳои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамон ба миён омадааст»

Март 2, 2017 11:56

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо вуҷуди дастовардҳо, ҳанӯз ҳам иқтидорҳои бузурги ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ пурра истифода нагардидаанд. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод сурат гирифт, таъкид намуданд.
-Аз ин лиҳоз,- гуфт Пешвои миллат,- вазифаи умумии мост, ки василаву заминаҳои ҳамкории самарабахши ҷавобгӯ ба манфиату ормонҳои мардумонамонро пайдо намуда, татбиқи онҳоро таъмин гардонем. Мусоидат ба ҳамгироии бештару васеъ, фаъол гардонидани дастгирии ҳамдигар, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ ҳамчун унсурҳои калидии ҳамкории минтақавӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои мо бояд дар мақоми ҳадафҳои стратегӣ пазируфта шаванд. Ҳамчунин Президенти кишвар дар идомаи суханронии худ изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза ташаккули низоми мукаммали нақлиётиву транзитӣ василаи муассири мусоидат ба раванди рушди тиҷорат ба шумор меравад. Дар баробари ин, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва эҷоди низоми пайвандгари энергетикӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ боқӣ мемонанд. Дар ин замина имрӯз ва дар ояндаи наздик моро зарур аст, ки ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории муштарак, ки ба пайвастшавии шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикии кишварҳои аъзои созмон мусоидат мекунанд, диққати дучанд диҳем.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ба роҳандозии фаъолияти лоиҳавии созмон ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои аъзо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардум бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Март 2, 2017 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид