Рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таърихи 92-сола дорад
«Миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад, ҳар қавму миллатро бе доштани рӯзнома тасаввур кардан ғайриимкон аст».
Садриддин Айнӣ
ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 1925 дар таърихи миллати тоҷик яке аз қадимтарин ва сернуфузтарин нашрияҳои кишвар-рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» таъсис ёфт. Дар даҳаи навади асри гузашта, ки аксар нашрияҳо ё аз байн рафтанд ва ё ба сурати ҳафтаномаву моҳнома чоп мешуданд, «Ҷумҳурият» ягона нашрияе буд, ки ба сурати рӯзнома мардумро аз таҳаввулоти дохилу хориҷи мамлакат огоҳ мекард. Имрӯз ҳам дар баробари дигар рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар пурра гардондани фазои иттилоотии кишвар саҳми арзанда дорад. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар оғоз бо номҳои «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик» «Тоҷикистони Шӯравӣ» нашр мешуд.
Дар равнақи рӯзномаи мазкур фарзандони барӯманди тоҷик фаъолона саҳм мегирифтанд. Аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд. Ҳамчунин тайи солҳои гуногун чеҳраҳои шинохта, ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» будаанд. Ҳоло сармуҳарририи ин рӯзномаро Қурбоналӣ Раҳмонзода ба уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, соли 1995 рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва чопи мунтазами он ба роҳ монда шуд. 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд.
Айни ҳол муассиси рӯзномаи «Ҷумҳурият» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди 41 ҳазору 490 нусха нашр мешавад.
Файзалӣ Ниёзов








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






